Маҳсулоте таҳия мекунем, ки ба рушди тиҷорати шумо равона шудаанд

Технологияҳои рақамиро аз сифр таҳия мекунем: зуд, шаффоф ва мутобиқ ба тиҷорати шумо.

ДАР БОРАИ МО

«ҶДММ «Фазои имконот» гурӯҳи мутахассисони дорои малакаҳои тасдиқшуда дар идораи лоиҳаҳо мебошад, ки ба таҳкими низомҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ тахассус доранд.

 

Мо системаҳои автоматикунонӣ ва хизматрасониҳои муфид ҷорӣ менамоем, лоиҳаҳои IT-ро амалӣ менамоем ва дар ҳифзи саломатии аҳолӣ кӯмак мерасонем.

ЧАРО МО?

Дастаи мо таҷрибаи касбиро дар якҷоягӣ бо технологияҳои муосир ва дастгирии боэътимод дар ҳар қадам пешниҳод мекунад. Мо вазифаҳои муштариро амиқ дарк мекунем ва ҳалли дақиқ, устувор ва босамар пешниҳод менамоем, ки натиҷаҳоро ба бор меоранд.

Мутахассисони ботачриба

Мутахассисони дорои салоҳиятҳои собитшуда дар соҳаи IT ва машваратҳои идоракунӣ.

Қарорҳои ҳамаҷониба

Қарорҳои ҳамаҷониба Аз таҳлил ва тарҳрезӣ то татбиқнамоӣ ва дастгирӣ.

Муносибати инфиродӣ

Қарорҳо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарӣ мутобиқ карда шудаанд.

Инноватсия ва
сифат

Технологияҳои муосир ва стандартҳои баланди иҷроиш

Дастгирии
боэътимод

Дастгирӣ дар ҳама марҳилаҳои лоиҳа ва пас аз оғоз

Мехоҳед лоиҳаи шуморо баррасӣ кунем?

Дархост гузоред — мо ба зудӣ бо шумо тамос мегирем, то тафсилот ва ҳадафҳоро муҳокима кунем ва ҳалли мувофиқтаринро барои дархости шумо пешниҳод кунем.

qodef-fullwidth-slider

Ҳадаф ва рисолат

Ҳадафи мо рушди устувор бо такя ба дар асоси огоҳӣ ва арзишҳои амиқ аст. Мо саъй менамоем, ки на танҳо хизматрасониро пешниҳод кунем, балки барои тағир додани сифат шароит фароҳам орем. Рисолати даста — фароҳам овардани имкониятҳои бештари хушбахтӣ барои одамон аст: тавассути ғамхорӣ, технологияҳо, ҳалли устувор ва таваҷҷуҳ ба ниёзҳои воқеии ҷомеа.

qodef-fullwidth-slider

Нигоҳ ва фалсафаи мо

Мо ба ин бовар дорем: ҳар қадар имрӯз одамони бештар хушбахт бошанд — ҳамон қадар фардо кӯдакони солим ва хушбахттар ба воя мерасанд. Дидгоҳи мо бар ғамхорӣ нисбат ба инсон ва табиат, инчунин талош барои ояндаи устувор асос ёфтааст. Мо бо эҳтиром ба ҳаёт амал мекунем, ба нерӯи қадамҳои хурд бовар дорем ва қарорҳое эҷод мекунем, ки диққат ба ҷузъиёти муҳим, масъулият ва маънидориро дар худ муттаҳид месозанд. Тамаркуз ба муштариён, поквиҷдонӣ, дастгирӣ ва огоҳӣ он чизест, ки фалсафаи моро муайян мекунад.

qodef-fullwidth-slider

Арзишҳо

Мо ба нерӯи касбият, рушди пайваста ва кори дастаҷамъона бовар дорем. Барои мо муҳим аст, ки ҳамкориро бо эҳтиром, дастгирӣ ва эътимод бунёд намоем. Мо ба навовариҳо кушода ҳастем ва ба тағйирот бо чандирӣ мутобиқ мешавем. Масъулият, эътибор ва ҷустуҷӯи тавозун барои мо танҳо сухан нест — балки асоси усули кори мост. Ҳамзамон, мо ба фалсафаи "муштарӣ ҳамеша ҳақ аст" риоя мекунем ва ҳама чизро мекунем, то хидмат дар ин ҷо ва ҳоло дастрас бошад. Некӯаҳволии психологии даста вазифаи аввалиндараҷаи мост.

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МО

Мо ҳалли машваратӣ ва ТИ-ро дар соҳаи тандурустӣ, идоракунӣ ва соҳаи иҷтимои пешниҳод менамоем. Аз рақамисозӣ ва логистика то омӯзиш ва татбиқи стандартҳо — мо самаранокӣ ва рушди устуворро таъмин мекунем.

Эпидемиология ва назорати сироят

Ҳалли амалӣ ва инноватсияҳо дар назорати сироят; рақамикуонӣ ва IT дар соҳаи тандурустӣ, идоракунии партовҳои тиббӣ; дастгирии IT; тадқиқот ва таълим; дастгирии техникӣ; консалтинг ва муҳандисӣ.

Санитария ва гигиена

Чораҳои муштарак ҷиҳати татбиқи қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ, стандартҳои санитариву гигиенӣ; ҷанбаҳои саниторияи об, бехатарии ғизо; гигиенаи шахсӣ ва ғайра.

Ҳолатҳои фавқулода

Ҳамоҳангсозии моддию техникӣ ва ташкилӣ барои дастгирии системаҳои вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ; қарорҳои IT барои ташкили система ва идоракунии низоми огоҳсозии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода; дастгирии техникӣ ҳангоми ҷорӣ намудани системаҳои электронии онлайн (24/7) ва ғайра.

Оптимизатсияи ташхис

Навовариҳо барои кӯтоҳ кардани давраи аз ташхис то табобат; логистикаи партовҳои тиббӣ, бастабандӣ ва интиқоли намунаҳои лабораторӣ; Ҳалли IT дар идоракунӣ ва таҳлили маълумоти лабораторӣ.

Озуқаворӣ ва бехатарии озуқаворӣ

Озуқаворӣ ва бехатарии озуқаворӣ; ғизои дуруст; ёрии техникӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ; маҳсулоти экологӣ ва «гармхонаҳои сабз».

Навоварӣ (инноватсия)

Тандурустии ягона («One Health»), Клиникаи ҳушманд («SMART Facility»); татбиқи стратегияҳои ҳалли экологӣ дар соҳаи тандурустӣ («Тағйирёбии иқлим» ва «Ифлосшавии ҳаво»); дастгирии инноватсияҳо дар соҳаи иқтисодиёти экологӣ «Иқтисодиёти сабз»

Идоракунии тиҷорат ва трансформатсияи рақамӣ

Ҳалли ҳамаҷонибаи автоматикунонии равандҳои бизнес: аз идоракунии лоиҳа ва гардиши ҳуҷҷатҳо то татбиқи системаҳои мониторинги рақамӣ ва таҳлили тиҷорат. Баланд бардоштани самаранокӣ тавассути оптимизатсияи хароҷот, равандҳо ва сохтор. Машварати IT, дастгирӣ, CRM фармоишӣ ва панелҳои идоракунӣ.

Таҳлил, маълумот ва визуализатсия

Воситаҳои интеллектуалӣ барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот: автоматикунонии ҳисоботдиҳӣ, таҳияи махзани маълумот ва системаҳои BI, таҳияи панелҳои фармоишӣ ва визуализатсия. Қарорҳои махсус барои санҷиш, тасдиқи маълумот ва ҳисоботдиҳии рақамӣ.

Ҳуҷҷатҳо, қоидаҳо ва тартибот

Таҳия, татбиқ ва аудити сиёсат ва расмиёти дохилӣ дар соҳаҳои асосӣ: амнияти IT, кадр (HR), молия, харид, ҳифзи маълумот. Машварат оид ба таҳияи низомномаҳо, танзими кори идоравӣ ва мониторинги риояи стандартҳои байналмилалӣ.

МУТАХАССИСОНИ МО

Таҷрибаи мо соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: табдили (транформатсияи) рақамӣ, оптимизатсияи равандҳои бизнес, таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ, инчунин ташкили равандҳои харид, логистика, идоракунии кадрҳо ва идоракунии маъмурӣ.



 

Дастаи мо таҷрибаи идоракунии лоиҳаҳои бузурги сатҳи миллӣ ва ҳамкории самаранок бо бахшҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Осиёву Уқёнуси Оромро дорост.

САТҲИ ИШТИРОК

Рақамикунонӣ ва тандурустии электронӣ 0
Идоракунии лоиҳа ва консалтинг (машварат) 0
Таҳлили маълумот ва системаҳои BI 0
Назорати сироят ва санитария 0

ПОРТФЕЛИ МО

Портфели мо лоиҳаҳои анҷомёфтаи IT, технологияҳо барои соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии равандҳои бизнес ва ҳолатҳои бомуваффақияти машваратӣ ва омӯзиширо дар бар мегирад. Бо намунаҳои кори мо шинос шавед ва ба сифату таҷрибаи даста итминон ҳосил намоед.

Омодаед, ки лоиҳаро муҳокима кунед?

Маълумоти тамосии худро тарк кунед ва мо ба зудӣ бо шумо тамос хоҳем гирифт, то лоиҳаи шуморо ба таври муфассал муҳокима кунем, вазифаҳо, мӯҳлатҳои татбиқро мушаххас кунем ва имконоти беҳтарини ҳамкорӣ пешниҳод кунем.

Тамос

    Ном*
    Почтаи электронӣ*
    Телефон
    Номи ширкат
    Паём

    Ширкати IT, ки ҳалли (технологияҳои) рақамӣ таҳия намуда рушди соҳаҳои тандурустӣ ва идоракуниро дастгирӣ менамояд.

    ТАМОС

    © 2025 ҶДММ "Фазои имконот". Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.